Сайёҳони дар кӯҳҳои ВМКБ наҷотёфтаро ба “Истиқлол” оварданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамдастӣ бо наҷотбахшони Оҷонсии Оғо Хон Ҳабитат дар ВМКБ амалиёти муваффақонаи наҷоти 4 сайёҳи исроилиро гузарониданд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 17-уми сентябр ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр чор сайёҳи исроилӣ паёмаки «SOS» (Наҷот диҳед) фиристоданд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳамдастӣ бо наҷотбахшони Оҷонсии Оғо Хон Ҳабитат дар ВМКБ амалиёти муваффақонаи наҷоти 4 сайёҳи исроилиро гузарониданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзи 17-уми сентябр ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр чор сайёҳи исроилӣ паёмаки «SOS» (Наҷот диҳед) фиристоданд.

“Дарҳол аз шумори наҷотбахшони дастаи Кумита дар ВМКБ бо ҷалби ёварони ихтиёрии Оҷонсии Бунёди Оғо Хон Ҳабитат барои ҷустуҷӯ як гурӯҳ ташкил шуд. Зимнан муайян гардид, ки чор сайёҳи аз 23 то 26-сола бо шумули як ҷавонзан дар наздикии мавзеи Кулини ҷамоати деҳоти Вамдқалъаи ноҳияи Шуғнон, дар баландии 4700 метр қарор доранд”, – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, чун баромадан ба ин баландӣ бо автомашина ва чархбол имкон надошт, наҷотбахшон бо истифода аз аспҳо ва лавозимоти махсус 20 километрро пиёда тай карда, рӯзи 19-уми сентябр ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Дар ҷойи ҳодиса ба Бену Моше Шайи 23-сола ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва субҳи 20-уми сентябр фурудоӣ оғоз шуд. Рӯзи 21-уми сентябр онҳо то кӯли Сарез поин омада, сипас бо қаиқи Кумита ба майдони парвози чархбол ва аз он ҷо ба Хоруғ расонида шуданд. Ду нафар сайёҳон дар Хоруғ монда, ду нафари дигар ба бемористони “Истиқлол”-и Душанбе оварда шуданд”, – гуфт Умеда Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хотиррасон мекунад, ки пеш аз тамошо рафтан ба мавзеи кӯҳистон дар хадамоти наҷотдиҳӣ худро ба қайд гузоштан зарур аст.

Ҳамчунин, ба қавли Умеда Юсуфӣ, ҳаноми танҳо ба тамошои кӯҳ рафтан, пайвандону наздиконро дар ин бора огоҳ кардан, бо худ гирифтани миқдори зарурии ғизо ва об, доруворӣ, либоси гарм ва телефони мобилӣ лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?