Рӯзгори талху ширини устои оҳангсоз

Date:

Бобои Соҳибназар бо қувваи худ корхонаву осорхонаи созҳои мусиқӣ сохтааст. Ӯ дар коргоҳаш, ки ба шаҳри Хоруғ наздик аст, асбобҳои босифат сохта, пешкаши мизоҷон мекунад.

“Агар соҳаи мусиқӣ дар маркази ҷумҳурӣ пеш рафта бошад, дар ВМКБ он сатҳи паст дорад. Барои ин ҳамаи моро талоши зиёд мебояд, ки мутахассиони соҳаро дар худи вилоят тайёр карда, ҳамқадами замон пеш равем. Таъсиси корхонаю осорхона танҳо як қадам аст”, – мегӯяд Соҳибназар Имомназаров.

Ба гуфтаи ӯ, ягон вақт барои маблағ кор накардааст, балки “аз кораш ҳаловат мебарад”. Мақсадаш рушду пешрафти соҳаи фарҳанги Тоҷикистон аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Соҳибназар Имомназаров моҳи майи соли 1948 деҳаи Хабости ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Падараш Имомназар Мизоҳаётов (дуюмин раиси шаҳри Хоруғ дар таърихи ВМКБ) агарчи инсони сахтгир буд, дар навохтани рубоб ҳамто надошт. Бинобар ин, Соҳибназар ҳанӯз аз кӯдакӣ нисбат ба оҳангу суруд рағбати беандоза пайдо кард. Ӯ соли 1966 баъд аз хатми мактаб-интернати ба номи Охонсулаймон Қурбонмамадови Хоруғшаҳр ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бомуваффақият ба итмом расонд. Баъдан соли 1978 Донишкадаи санъати шаҳри Душанберо хатм кардааст. Бо даҳҳо мукофоти давлатӣ, диплому ифтихорномаҳои Тоҷикистону Русия мушарраф шудааст.

Имтиҳон бо силоҳи оташфишон

Соҳибназар Имомназаровро да Бадахшон ҳама мешиносанд. Ӯ берун аз кишвар низ шогирдону мухлисони зиёд дорад. Аммо ин ҳама маҳбубият осон ба даст наомадааст. Аз шунидани саргузашти ӯ кас гоҳо андӯҳгин мешаваду гоҳ ба матонату далерияш офарин мехонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вай 27 соли пурбаракаташро дар соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ гузаронида, ҳамзамон дар вазифаҳои зиёди пурмасъулияти риштаи санъати маркази ҷумҳурӣ фаъолият кардааст. Замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба сари Имомназаров ҳам сарнавишти талх овард.

Ба гуфтаи ӯ, давраҳои бесарусомонӣ ҷинояткорон муаллимонро иҷборан кор фармуда, барои гирифтани баҳову диплом ҳатто аз яроқи оташфишон истифода мекарданд.

“Боре чанде аз ҷинояткорон ба утоқи кории ман, ки он замон дар омӯзишгоҳ ба сифати котиби ташкилоти ҳизбӣ кор мекардам, даромаданд. Онҳо ноқилҳои телефони утоқи кории маро канда, қасди куштанам карданд. Аммо тасодуфи нек ба вуқӯъ пайваст”, – мегӯяд Имомназаров.

Вай афзуд, ки ҳамкорони русаш аз ҳодиса дарак ёфта, ба низомиёни Русия дар Тоҷикистон хабар доданд ва онҳо бо техникаи зиреҳпӯшу муҳимоти ҷангӣ ба омӯзишгоҳ омада, Соҳибназарро аз иҳотаи ҷинояткорон озод карданд.

“Ҷангу кашмакашҳо ҳанӯз идома меёфтанд. Муддати як моҳ барои таъмини бехатариям аз хона баромадан намемонданд. Рӯ ба рӯйи хона гурӯҳҳои ҷангҷӯ зиста, баромадани маро ҳам пайгирӣ мекарданд. Дар ин муддат танҳо як орзу доштам, то бори дигар сеторро ба даст гирифта, навозам. Лекин ба ягон асбоби мусиқӣ дастрасӣ надоштам”, – мегӯяд бобои Соҳибназар.

Соли 1993 Имомназаров бо мақсади кушодани омӯзишгоҳи касбии мусиқӣ дар Хоруғ ба ВМКБ омад, аммо аз сабаби мушкилоти шадиди иқтисодӣ орзуяш амалӣ нашуд.

Имомназаров садҳо нафар шогирдонро нафақат аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ омода кардааст. Шогирдони ӯ ҳамчунин аз Русия, Белорусия, Украина, Молдова, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Руминия ва кишварҳои дигар ҳастанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тарки Ватан

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, оҳангсозу навозанда ва дирижери касбӣ Соҳибназар Имомназаров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, ки бо аҳли оилааш тарки ҷумҳурӣ кунад. Ӯ ба хотири ҳифзи бехатарии хонавода ва таъмини рӯзгор ба шаҳри Нягани вилояти Ханти-Мансийски Русия сафар кард.

“Вақте бори аввал ба Русия кӯчидем, албатта, шаҳрвандии ин кишварро надоштем. Агарчи завҷаам рус аст, вале шаҳрвандии Русияро ба ҳар дуямон худам гирифтам. Яъне аввал маро як сол аз рӯйи шартнома ба муҳлати озмоишӣ ба кор гирифтанд. Нахуст баъзе ҳамкорон бо назари шубҳа нигоҳ карданд, чун рус набудам. Аммо бо гузашти замон сазовори эҳтироми атрофиён шудам ва маро мудири кафедраи мактаби мусиқии шаҳри Няган таъйин карданд”, – нақл мекунад Имомназаров.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ дар ин шаҳр аввалин ансамблу филармонияҳоро барои кӯдакону наврасон, ҷавонону калонсолони гуногунмиллат ташкил кард, фарҳангу мусиқии касбӣ ва халқиро ба онҳо омӯхт. Бо баромадҳои рангину диданӣ ҳамроҳи шогирдону ҳамкоронаш анқариб дар ҳамаи шаҳрҳои Русия ва берун аз он ҳунарнамоӣ карда, маҳбуби дили миллатҳои гуногун шуд. Ба туфайли ӯ мардуми гуногун нахуст бо фарҳангу мусиқии бойи тоҷикон ошно шуда, ҳамзамон аз ӯ назокатҳои савту суруд ва навои олами шарқу ғарбро омӯхтанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Дар он ҷо корхонаеро барои сохтани асбобҳои мусиқӣ кушодам ва ҳунари созтароширо барои шогирдонам аз бисёр кишварҳои дунё омӯхтам”, – гуфт ӯ.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Дар ҳавои зодгоҳ

Бобои Соҳибназар ба солмандияш нигоҳ накарда, бо ҳамкорону шогирдони бурунмарзиаш тариқи шабакаи интернет пайваста дар иртибот аст. Барои онҳо савту наво эҷод мекунад ва офаридаҳои онҳоро таҳрир карда, ба ҳамкорону шогирдон ирсол медорад.

Имомназаров дар Русия шароити хуби зиндагӣ дошт, аммо ҳасрати Ватан ӯро лаҳзае ором намегузошт. Ӯ ҳамеша дар фикру зикри Тоҷикистони биҳиштосои худ ва халқи меҳандӯсташ буд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Акнун ба орзуи деринааш расид ва дар зодгоҳаш осорхонаю корхонаи мусиқӣ кушод. Ҳоло аз ҳавои тозаи Ватан озодона нафас гирифта, ба омӯзиши насли ҷавон машғул аст.

Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...