АНОНС
– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;
– Дар Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон (кадетҳо) оғоз мегардад. Дар он наздики 480 гуштигир аз 64 кишвар, бо шумули варзишгарони Тоҷикистон иштирок мекунанд;
– Дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз мегардад. Тоҷикистонро дар навъи варзиши давидан ба масофаи 200 метр байни занон Гулсумбӣ Шарифова намояндагӣ мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6858 сомонӣ;
1 евро – 10.6408 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1504сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1999 – Оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.
2011 — Бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи Айнӣ – Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.
2018 — Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе толори нав барои қабули меҳмонони расмӣ боз шуд.
1863-1934 – Мавлуди шарқшиноси рус, академик Сергей Олденбург.
1932 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Галина Ковалёва.
1933-2008 – Мавлуди нависанда Баҳодур Файзуллоев.
1940-1997 – Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Сабзалӣ Раҳмонов.
1942 – Мавлуди профессор Гадо Сафаров.
1951 – Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов.
1963 – Мавлуди журналист Илҳом Назриев.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


