Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад; – Дар Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон (кадетҳо) оғоз мегардад. Дар он наздики 480 гуштигир аз 64 кишвар, бо шумули варзишгарони Тоҷикистон […]

АНОНС

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Дар Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни наврасон (кадетҳо) оғоз мегардад. Дар он наздики 480 гуштигир аз 64 кишвар, бо шумули варзишгарони Тоҷикистон иштирок мекунанд;

– Дар Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз мегардад. Тоҷикистонро дар навъи варзиши давидан ба масофаи 200 метр байни занон Гулсумбӣ Шарифова намояндагӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6858 сомонӣ;

1 евро – 10.6408 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1504сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1999 – Оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

2011 — Бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи Айнӣ – Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.

2018 — Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе толори нав барои қабули меҳмонони расмӣ боз шуд.

1863-1934 – Мавлуди шарқшиноси рус, академик Сергей Олденбург.

1932 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Галина Ковалёва.

1933-2008 – Мавлуди нависанда Баҳодур Файзуллоев.

1940-1997 – Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Сабзалӣ Раҳмонов.

1942 – Мавлуди профессор Гадо Сафаров.

1951 – Зодрӯзи Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов.

1963 – Мавлуди журналист Илҳом Назриев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.