Афзоиши даромади “Барқи тоҷик” аз ҳисоби содироти барқ

Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 76,5 млн. доллар даромад гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8% зиёдтар аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад. Қайд мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли 2018 даромад аз содироти нерӯи барқ ҳудуди 62,3 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 76,5 млн. доллар даромад гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8% зиёдтар аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли 2018 даромад аз содироти нерӯи барқ ҳудуди 62,3 млн. сомониро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млрд. кВт/соат барқ содирот кард.

Мувофиқи ҳисоботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, моҳи августи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ ба ҳамсоякишварҳо 31,4% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо интиқол додааст.

Ҳамин тариқ, интиқоли барқ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 346 млн. кВт/соат, Афғонистон – 270 млн. кВт/соат ва Қирғизстону Қазоқистон – беш аз 22 млн. кВт/соат сурат пазируфтааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 3,5 млрд. кВт/соат барқ содирот карданист.

Дар мақомоти марбута афзоиши ҳаҷми содироти барқро ба мавриди истифода қарор гирифтани ду гидроагрегати нерӯгоҳи Роғун нисбат медиҳанд, ки дар маҷмӯъ шабонарӯзӣ беш аз 6 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.