Додгоҳи низомии Русия се узви “бандаи ФСБ”-ро зиндонӣ кард

Date:

Додгоҳи низомии ҳавзаи Урали Русия се узви "бандаи ФСБ” – Евгений Гладков, Александр Кобилин ва Сергей Синяковро, ки дар куштори тоҷикон даст доранд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аснои содир кардани ҷиноят онҳо кормандони раёсати Хадамоти амнияти федеролӣ (УФСБ)-и Тюмен буданд.

Ин се нафар дар муддати солҳои 2008-2017 соҳибкорони тюменӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро зери фишор қарор додаанд. Онҳо дар содир кардани 53 куштор айбдор дониста мешаванд, ки 7-тои он исбот шудааст.

Аъзои “бандаи ФСБ” панҷ муҳоҷири тоҷикро куштаанд, ки ин ҳам исботи худро ёфтааст. Онҳо барои санҷиши тирҳои худсохт шаҳрвандони Тоҷикистон Тоиров ва Сайфиддиновро ба қатл расонидаанд. Тоҷикони дигар Касиров ва Холмирзоевро барои тарсонидани соҳибкорони маҳаллӣ тир задаанд. Боз як шаҳрванди Тоҷикистон – ронандаи такси Зокирҷон Холмуродовро барои он куштаанд, ки мошини ӯро дар ҷиноятҳои дигар истифода кунанд. Дар ин хусус расонаҳои русиягӣ бо истинод ба Додгоҳи ҳавзаи низомии Урали Русия хабар медиҳанд.

Дар натиҷа Евгений Гладкин бо ҷурми даст доштан дар шаш куштор ба 25 соли зиндон, Александр Колибин барои қатли ду нафар ба 12 сол ва Сергей Синяков ба 13 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

Додгоҳ инчунин қарор кардааст, ки аз ҷинояткорон ба фоидаи хешовандони ҷабрдидагон зиёда аз 6 миллион рубл рӯёнида шавад, хабар медиҳад Правда УрФО.

Роҳбари даста Владимир Гилев дар боздоштгоҳи тафтишотӣ худкушӣ карда буд. Узви дигари ин дастаи ҷинояткорон Алексей Коротков ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд. Боз як узви гурӯҳ Сергей Зозуля дар кофтукови байнулмилалӣ қарор дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...