Додгоҳи низомии Русия се узви “бандаи ФСБ”-ро зиндонӣ кард

Додгоҳи низомии ҳавзаи Урали Русия се узви "бандаи ФСБ” – Евгений Гладков, Александр Кобилин ва Сергей Синяковро, ки дар куштори тоҷикон даст доранд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аснои содир кардани ҷиноят онҳо кормандони раёсати Хадамоти амнияти федеролӣ (УФСБ)-и Тюмен буданд. Ин се нафар дар муддати солҳои 2008-2017 соҳибкорони тюменӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро зери […]

Додгоҳи низомии ҳавзаи Урали Русия се узви "бандаи ФСБ” – Евгений Гладков, Александр Кобилин ва Сергей Синяковро, ки дар куштори тоҷикон даст доранд, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аснои содир кардани ҷиноят онҳо кормандони раёсати Хадамоти амнияти федеролӣ (УФСБ)-и Тюмен буданд.

Ин се нафар дар муддати солҳои 2008-2017 соҳибкорони тюменӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро зери фишор қарор додаанд. Онҳо дар содир кардани 53 куштор айбдор дониста мешаванд, ки 7-тои он исбот шудааст.

Аъзои “бандаи ФСБ” панҷ муҳоҷири тоҷикро куштаанд, ки ин ҳам исботи худро ёфтааст. Онҳо барои санҷиши тирҳои худсохт шаҳрвандони Тоҷикистон Тоиров ва Сайфиддиновро ба қатл расонидаанд. Тоҷикони дигар Касиров ва Холмирзоевро барои тарсонидани соҳибкорони маҳаллӣ тир задаанд. Боз як шаҳрванди Тоҷикистон – ронандаи такси Зокирҷон Холмуродовро барои он куштаанд, ки мошини ӯро дар ҷиноятҳои дигар истифода кунанд. Дар ин хусус расонаҳои русиягӣ бо истинод ба Додгоҳи ҳавзаи низомии Урали Русия хабар медиҳанд.

Дар натиҷа Евгений Гладкин бо ҷурми даст доштан дар шаш куштор ба 25 соли зиндон, Александр Колибин барои қатли ду нафар ба 12 сол ва Сергей Синяков ба 13 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

Додгоҳ инчунин қарор кардааст, ки аз ҷинояткорон ба фоидаи хешовандони ҷабрдидагон зиёда аз 6 миллион рубл рӯёнида шавад, хабар медиҳад Правда УрФО.

Роҳбари даста Владимир Гилев дар боздоштгоҳи тафтишотӣ худкушӣ карда буд. Узви дигари ин дастаи ҷинояткорон Алексей Коротков ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд. Боз як узви гурӯҳ Сергей Зозуля дар кофтукови байнулмилалӣ қарор дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.