«Уральские авиалинии» аз Воронеж ба Душанбе парвоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» хатсайри мавсимии Воронеж-Душанбе-Воронежро ба роҳ мемонад. Дар ин бора саҳифаи Фурудгоҳи байнулмилалии Воронеж хабар медиҳад. “Парвозҳо ҳар рӯзи шанбе бо Airbus A320 анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо дорои 162 ҷоий нишаст мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ. Гуфта мешавад, аз 2-юми ноябр ба ин монанд хатсайри самти Қирғизистон «Ош-Воронеж-Ош» роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар намояндагии «Уральские авиалинии» дар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» хатсайри мавсимии Воронеж-Душанбе-Воронежро ба роҳ мемонад. Дар ин бора саҳифаи Фурудгоҳи байнулмилалии Воронеж хабар медиҳад.

“Парвозҳо ҳар рӯзи шанбе бо Airbus A320 анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо дорои 162 ҷоий нишаст мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Гуфта мешавад, аз 2-юми ноябр ба ин монанд хатсайри самти Қирғизистон «Ош-Воронеж-Ош» роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар намояндагии «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, гуфтанд, ки замони оғози парвозҳо боз дақиқ мешавад.

“Аслан ифтитоҳи хатсайри самти Воронеж-Душанбе-Воронеж дар нақша буда, масъала қисман мувофиқа шудааст. Рӯзи оғози парвозҳо дақиқ мешавад”, – хабар доданд дар намояндагӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.