Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ифтитоҳ шуд

Дар назди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ кушода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Маркази мазкур бо ибтикори Сафорат ва Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Алмаато таъсис дода шудааст.  Дар маросими ифтитоҳи ин Марказ муовини раиси Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, сарвари департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато, консулони […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар назди факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ кушода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Маркази мазкур бо ибтикори Сафорат ва Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Алмаато таъсис дода шудааст. 

Дар маросими ифтитоҳи ин Марказ муовини раиси Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, сарвари департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато, консулони генералии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Алмаато, олимону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Консули генералии Тоҷикистон зимни сухани табрикотӣ дар бораи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон бо Қазоқистон гуфт: “Ифтитоҳи расмии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои кишварҳои мо гувоҳӣ медиҳад”.

Сарвари департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато дар суханронии худ қайд кардааст, ки кушодашавии Маркази мазкур фазои наверо барои донишҷӯён фароҳам меорад ва ифтитоҳи он фалсафаи асосии СММ, аниқтараш созмони ЮНЕСКО, яъне наздикшавии фарҳангҳоро инъикос мекунад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ҳозиринро аз номи роҳбарияти он таҳният гуфта, ба муаллимон ва донишҷӯён дар кору таҳсили минбаъдаи онҳо комёбиҳо таманно кард.

Дар анҷоми чорабинӣ  донишҷӯён ашъори шоирони классикии форсу тоҷикро қироат намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.