Душанбегиҳо дар куҷо аз Wi-Fi-и бепул истифода карда метавонанд?

Имрӯз дар боғу меҳмонхонаҳо, дафтарҳои хизматрасонии ширкатҳо, чанде аз қаҳвахонаҳо ва фурудгоҳи Душанбе дастрасии озод ба интернети Wi-Fi пешниҳод мешавад. Замоне Wi-Fi-и бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам дастрас буд, аммо зиёд давом накард. Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар ҳудуди 5 боғ аз интернети ройгон 24 соат дар як шабонарӯз истифода карда метавонанд. Ёдрас мекунем, ки […]

Мусои Бобохоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз дар боғу меҳмонхонаҳо, дафтарҳои хизматрасонии ширкатҳо, чанде аз қаҳвахонаҳо ва фурудгоҳи Душанбе дастрасии озод ба интернети Wi-Fi пешниҳод мешавад. Замоне Wi-Fi-и бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам дастрас буд, аммо зиёд давом накард.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар ҳудуди 5 боғ аз интернети ройгон 24 соат дар як шабонарӯз истифода карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар рейтинги байнулмилалии Speedtest Тоҷикистон бо нишондоди 10.44 мегабит дар як сония зинаи 122-юм ва дар рейтинги интернети ноқилӣ бо 18.05 мегабит мақоми 110-умро ишғол мекунад.

Дар пажӯҳиши Worldwide mobile data, ки дар 230 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст, Тоҷикистон аз рӯйи нархгузории интернет зинаи 103-юм ва байни кишварҳои ИДМ як зина баландтар аз ҷойи охирро касб кардааст: арзиши 1 гигабайт тақрибан 3,6 доллар буда, ин яке аз гаронтарин дар ҷаҳон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.