Пешниҳоди реҷаи нави андозбандӣ ба муҳоҷирони тоҷик

Вазорати молияи Русия пешниҳод кардааст, ки оид ба додани ҳуқуқи андозбандӣ ба даромади касбии шахсони воқеӣ, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанду ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) шомил нестанд, озмоиш гузаронида шавад. Дар ин бора “Известия” хабар медиҳад. Агар тағйирот пазируфта шавад, ба ҷуз Украина, аз реҷаи махсуси андозбандӣ сокинони Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Вазорати молияи Русия пешниҳод кардааст, ки оид ба додани ҳуқуқи андозбандӣ ба даромади касбии шахсони воқеӣ, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанду ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) шомил нестанд, озмоиш гузаронида шавад. Дар ин бора “Известия” хабар медиҳад.

Агар тағйирот пазируфта шавад, ба ҷуз Украина, аз реҷаи махсуси андозбандӣ сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷону Молдова низ истифода карда метавонанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки навгонӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, барои патент ҳар моҳ 4 ҳазор рубл пардохт накарда, қонунӣ кор кунанд. Ин дар навбати худ барои ҷалби хориҷиёни бештар ба Русия ва ҳалли мушкилоти норасоии қувваи корӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳар як шаҳрванди Русия, ки дар як сол то 2,4 млн. рубл даромад дораду ба хизматгузории пулакӣ машғул аст ва кормандони кироя надорад, метавонад худро ба сифати шахси машғул ба кори мустақилона сабтином карда, зимни кор бо дигарон аз рӯйи меъёри 4% ва бо ширкатҳо 6% андоз пардозад.

Феълан ба ҷуз русиягиҳо, сокинони кишварҳои узви ИИАО: Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шахсони ба кори мустақилона машғул шуморида мешаванд. Шаҳрвандони кишварҳои дигар бояд патент ё раводиди корӣ ва иҷозатнома барои кор дошта бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.