Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷароҳати шаҳрванди Ӯзбекистон дар садамаи нақлиётӣ

Бар асари бархӯрди нақлиёт дар роҳи автомобилгарди “Душанбе – Хуҷанд” як сокини ноҳия Ёвон ба ҳалокат расид, шаҳрванди Ӯзбекистон маҷруҳ шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, садамаи нақлиётӣ шоми 9-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ронандаи автомошинаи тамғаи “Лексус-470” Илҳомҷон Иброҳимов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа гардидааст. […]

Бар асари бархӯрди нақлиёт дар роҳи автомобилгарди “Душанбе – Хуҷанд” як сокини ноҳия Ёвон ба ҳалокат расид, шаҳрванди Ӯзбекистон маҷруҳ шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, садамаи нақлиётӣ шоми 9-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ронандаи автомошинаи тамғаи “Лексус-470” Илҳомҷон Иброҳимов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа гардидааст.

Дар натиҷа мусофир Асад Маҳмудов, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Ёвон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири дигари автомашинаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рафторбек Ҷумъаеви 19-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.