Тарзи нави қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ

Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе тарзи нави қонуншиканиро вобаста ба вайронкунии талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муайян сохтанд, ки ин кирдор бесобиқа аст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси расми фиристодаи як сокини пойтахт тарзи нави қоидавайронкуниро дар намуди «ба таври чаппа гузоштани рақами қайди давлатӣ» ва ба ин тартиб […]

Манзумаи Фирӯз, “Asia-Plus”

Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе тарзи нави қонуншиканиро вобаста ба вайронкунии талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муайян сохтанд, ки ин кирдор бесобиқа аст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси расми фиристодаи як сокини пойтахт тарзи нави қоидавайронкуниро дар намуди «ба таври чаппа гузоштани рақами қайди давлатӣ» ва ба ин тартиб идора кардани автомашинаи сабукрави тамғаи «Тайота кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 0005FF01 ошкор карданд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Фаромурз Халилӣ, соли таваллудаш 24.05.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Толстой буда, соҳибмулки автомашинаи мазкур ба ҳисоб меравад. Зимни санҷиш ронанда ба амали содиркардаи зиддиқонуниаш иқрор шуда, иброз доштааст, ки дар оянда ин кирдорашро содир намекунад.

Вобаста ба ҳолати мазкур тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба Халилӣ Фаромурз парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуда, сабукрави ӯ дар Боздоштгоҳи ҷаримавии ШБДА-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.