Бозии Тоҷикистон-Ҷопон: чӣ гуна метавон дастаи пурқуввати минтақаро мағлуб кард?

Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе машқҳои омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими Ҷопонро оғоз кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Рӯзи 12-уми октябр таҳти роҳбарии сармураббӣ Хадзимэ Мориясу барои бозӣ бо Тоҷикистон 23 бозигари мунтахаби Ҷопон ба Душанбе омаданд. Қобили зикр аст, ки танҳо 4 нафари онҳо дар […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе машқҳои омодагӣ ба бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тими Ҷопонро оғоз кард. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Рӯзи 12-уми октябр таҳти роҳбарии сармураббӣ Хадзимэ Мориясу барои бозӣ бо Тоҷикистон 23 бозигари мунтахаби Ҷопон ба Душанбе омаданд.

Қобили зикр аст, ки танҳо 4 нафари онҳо дар дастаҳои Ҷопон ва 19 нафари дигар дар тимҳои аврупоӣ бозӣ мекунанд.

Рӯзи 12-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе машқи кушоди мунтахаби футболбозони Ҷопон доир шуд, ки онро беш аз 200 нафар мухлисон тамошо карданд.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон рӯзи сешанбе, 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 оғоз мешавад.

Чиптаҳо барои ҳамаи нишастгоҳҳо (ғарбӣ, шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ арзиш доранд. Ба ин бозӣ то ин дам 12 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаҳо (кассаҳо)-и Варзишгоҳи марказии Душанбе аз соати 8:00 то 22:00 дастрас кард. Телефон барои маълумот: 501-501-411.

Дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" имрӯз нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир гардида, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ва Ҷопон Хадзиму Мориясу ба суолҳои рӯзноманигорон посух мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.