Роҳҳои Помир давра ба давра таъмиру навсозӣ мешаванд

Date:

Қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Кулма дар қаламрави ВМКБ, ки таъмиру навсозиаш дар нақша аст, ба 3 қисм тақсим шудааст.

Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ, таъмиру таҷдиди қитъаҳои роҳи мазкур ба таври алоҳида ҷараён мегирад: Қалъаи Хумб – Ванҷ то сарҳади Рӯшон, Рӯшон – Хоруғ ва Хоруғ – Кулма то сарҳади Чин. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода рӯзи сешанбе зимни аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шудани мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии фаннию иқтисодии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа қитъаҳои роҳи Мурғоб – Кулма – сарҳади Чин, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар, Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон ва Душанбе – Данғара таъмиру таҷдид шуда, нақбҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” мавриди истифода қарор гирифтанд.

Вазир таъкид дошт, ки акнун зарурати таъмиру навсозии қитъаҳои роҳ дар қаламрави ВМКБ ба миён омадааст.

Мувофиқи мубодилаи мактубҳо, ки аз ҷониби парлумон маъқул шуморида шуд, барои таҳияи асосноккунии фаннию иқтисодии лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон бо масофаи 92,3 километр Чин дар ҳаҷми 218 ҳазор доллар кумаки ройгон ҷудо мекунад.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ ҷудо шудани грант дар ҳаҷми 230 млн. доллар аз ҷониби Чин дар назар аст.

Дар ин қитъаи роҳ бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизатӣ бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон – Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн. доллар ва қитъаи Хоруғ – Кулма (масофааш 395 км) 567 млн. доллар зарур аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...