«Ахмақӣ накун!». Номаи Трамп ба Эрдуғон

Дар рӯзи шурӯи амалиёти низомии Туркия дар Сурия – 9 октябр – президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон нома ирсол кардааст. Трамп бо ирсоли нома аз Эрдуғон хостааст, ки "аҳмақ набошад" ва "худро ҷавони ҷасур тасаввур накунад". Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин нома Трамп Эрдуғонро бовар мекунонад, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар рӯзи шурӯи амалиёти низомии Туркия дар Сурия – 9 октябр – президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон нома ирсол кардааст. Трамп бо ирсоли нома аз Эрдуғон хостааст, ки "аҳмақ набошад" ва "худро ҷавони ҷасур тасаввур накунад".

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин нома Трамп Эрдуғонро бовар мекунонад, ки бо роҳбарияти курдҳои Сурия ба созиши мутақобилан судманд даст ёбад.

Трамп ҳамчунин Эрдуғонро огоҳ месозад, ки дар сурати ҳамлаи артиши Туркия ба Сурия, президенти Туркия масъули қатли ҳазорон одам хоҳад буд. Президенти Амрико илова кардааст, ки иқтисоди Туркия дар натиҷаи таҳримҳои амрикоӣ "маҳв" хоҳад шуд.

Кохи сафед дурустии ин номаро тасдиқ кардааст.

Амалиёти низомии Туркия ба минтақаи курднишини Сурия 9 октябр шуруъ шуд. Ин амалиёт дуруст дар замоне оғоз гардид, ки артиши ИМА берунравӣ аз Сурияро шуруъ кард. Курдҳо барои кумаки низомӣ ба ҳукумати Сурия муроҷиат карданд.

Имрӯз, 17 октябр, мулоқоти ноиб-президенти ИМА Майк Пенс ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо президенти Туркия дар назар аст. Ахиран Трамп бори дигар таҳдид кард, ки агар Анқара бо намояндагони Амрико созиш ҳосил накунад, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.