Шиносоии сарвазир бо рафти бунёди беморхона дар Қубодиён

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз маҳалли сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Қубодиён боздид кард. Сохтмони беморхонаи иборат аз 200 кат соли 2018 дар доираи созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки масоҳати умумии замини ҷудошуда барои ин маҷмааи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз маҳалли сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Қубодиён боздид кард.

Сохтмони беморхонаи иборат аз 200 кат соли 2018 дар доираи созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки масоҳати умумии замини ҷудошуда барои ин маҷмааи тиббӣ 5 гектар буда, сохтмони он аз ҷониби Ӯзбекистон маблағгузорӣ мешавад.

“Қоҳир Расулзода бунёди иншооти мазкурро далели навбатии муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвари ҳамҷавор номид”, – омадааст дар хабар.

Бунёди ин беморхона яке аз ду лоиҳаҳоест, ки ҳукумати Ӯзбекистон ба зимма гирифтааст. Лоиҳаи дуюм мактаби таҳсилоти умумӣ бо 630 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Созишномаҳо дар бораи бунёди ин ду иншоот дар қаламрави Тоҷикистон зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар соли 2018 ба имзо расиданд. Иншооти мазкур пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешаванд.

Сарвазир инчунин бо ҷараёни сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳо дар ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.