АНОНС
– Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон “Қонун дар бораи авф” баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;
– Дар Душанбе бо иштироки соҳибкорон – иштирокчиёи Намоишгоҳи байнулмилалииуниверсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Кори намоишгоҳ дар маҷмааи варзишии “Манеж” идома меёбад;
– Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз Тоҷикистону Арманистон, Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир” ҷараён доранд;
– Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футзал (футболи хурд) дар Эрон мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6923 сомонӣ;
1 евро – 10.7846 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1933 – Дар Душанбе корхонаи нахустини дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд, аз соли 1964 – дар ҳайати корхонаи «Гулистон».
1961 – Унвони Шоири (Нависандаи) халқии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
1963 – Ҷилди аввали «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон таҳия шуд, ба табъ расид.
2012 — Дар Тоҷикистон Кодекси аввали шаҳрсозӣ қабул шуд.
1907 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон ва тарҷумон Василий Кириллов.
1910-1981 – Мавлуди олим ва табиб, академик Комил Тоҷиев.
1913-1989 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Содиқ.
1940-2001 – Мавлуди дипломат Карим Юлдошев.
1941 – Зодрӯзи актёри театр Бердӣ Мингбоев.
1951 – Мавлуди иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.
1952 – Зодрӯзи нависанда Субҳон Ёдгорӣ.
1953 – Мавлуди собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 25 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


