Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС –  Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон “Қонун дар бораи авф” баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10:00; – Дар Душанбе бо иштироки соҳибкорон – иштирокчиёи Намоишгоҳи байнулмилалииуниверсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Кори намоишгоҳ дар маҷмааи варзишии “Манеж” идома меёбад; – Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз […]

АНОНС

–  Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон “Қонун дар бораи авф” баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;

– Дар Душанбе бо иштироки соҳибкорон – иштирокчиёи Намоишгоҳи байнулмилалииуниверсалии “Тоҷикистон-2019. Тирамоҳ” ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Кори намоишгоҳ дар маҷмааи варзишии “Манеж” идома меёбад;

– Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз се ҳазор ҳарбиён аз Тоҷикистону Арманистон, Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Русия тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Бародарии шикастнопазир” ҷараён доранд;

– Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футзал (футболи хурд) дар Эрон мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6923 сомонӣ;

1 евро – 10.7846 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 – Дар Душанбе корхонаи нахустини дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд, аз соли 1964 – дар ҳайати корхонаи «Гулистон».

1961 – Унвони Шоири (Нависандаи) халқии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1963 – Ҷилди аввали «Таърихи халқи тоҷик», ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон таҳия шуд, ба табъ расид.

2012 — Дар Тоҷикистон Кодекси аввали шаҳрсозӣ қабул шуд.

1907 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон ва тарҷумон Василий Кириллов.

1910-1981 – Мавлуди олим ва табиб, академик Комил Тоҷиев.

1913-1989 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Содиқ.

1940-2001 – Мавлуди дипломат Карим Юлдошев.

1941 – Зодрӯзи актёри театр Бердӣ Мингбоев.

1951 – Мавлуди иқтисодчӣ Султонмурод Исмоилов.

1952 – Зодрӯзи нависанда Субҳон Ёдгорӣ.

1953 – Мавлуди собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 25 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.