Адабиётшиноси тоҷик Валӣ Самад аз олам даргузашт

Адабиётшиноси маъруф ва равшанфикри тоҷик Валӣ Самад шоми 24-уми октябр дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Писари марҳум – Довар ба хабарнигори Asia-Plus иттилоъ дод, ки маросими видоъ 25-уми октябр дар манзили устод Валӣ Самад, воқеъ дар наздикии Маркази миллии ташхису табобати Душанбе (Диагностический центр) доир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, падараш дар оромгоҳи Лучоб, канори мадфани Муҳаммадҷон Шакурӣ […]

Адабиётшиноси маъруф ва равшанфикри тоҷик Валӣ Самад шоми 24-уми октябр дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.

Писари марҳум – Довар ба хабарнигори Asia-Plus иттилоъ дод, ки маросими видоъ 25-уми октябр дар манзили устод Валӣ Самад, воқеъ дар наздикии Маркази миллии ташхису табобати Душанбе (Диагностический центр) доир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, падараш дар оромгоҳи Лучоб, канори мадфани Муҳаммадҷон Шакурӣ ба хок супорида мешавад.

Ҳайати эҷодии Гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus ба наздикону пайвандони устод Валӣ Самад изҳори таслият мекунад!

ВАЛӢ САМАД 20-уми январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст.

Соли 1964 вориди аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шудаааст. Курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола доир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбек мебошад.

Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ – омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин китоби мазкур дар Озмуни дуввуми байнулмилалии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байнулмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) мебошад.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.