Сомон Маҳмадбеков: Ман ба ҷуз “тилло” дигар фикри чизе надоштам

Варзишгари ҷавонро дар Тоҷикистон чӣ гуна пешвоз гирифтанд ва ӯ ба рӯзноманигорон чӣ гуфт? Қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбековро имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт ҳазорон мухлис, наздикону пайвандон, роҳбарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарон ва намояндагони ВАО истиқбол гирифтанд. “Ростӣ, пас аз мусобиқаи Токио дар байни калонсолон ду-се шаб хобам намебурд, зеро дар он […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Варзишгари ҷавонро дар Тоҷикистон чӣ гуна пешвоз гирифтанд ва ӯ ба рӯзноманигорон чӣ гуфт?

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбековро имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт ҳазорон мухлис, наздикону пайвандон, роҳбарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарон ва намояндагони ВАО истиқбол гирифтанд.

“Ростӣ, пас аз мусобиқаи Токио дар байни калонсолон ду-се шаб хобам намебурд, зеро дар он ҷо медали биринҷиро ба даст оварда метавонистам. Хеле аз худ нороҳат будам, – гуфт варзишгар. – Алҳамдулиллоҳ, ин дафъа дар байни ҷавонони то 21-сола медали тиллоро соҳиб шудам”.

Ёдрас мекунем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон ба Сомон Маҳмадбеков 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.

Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 17-20 октябр дар Марокаш доир гардид, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд. Рӯзи 17-уми октябр дар қувваозмоии финалии вазни то 73 кило бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.

Пас аз ин пирӯзӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад: шумори имтиёзҳои бадастовардаи ӯ ба 559 расид, ки аз варзишгари Молдова Виктор Стерпу (зинаи дуюм) 8 имтиёз бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.