Гуштигири тоҷик чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон

Гуштигири тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд. Дар ин бора дар саҳифаи клуби гуштигирии “Ҳоҷӣ Шариф” дар Facebook, ки Маҳмадбеков дар он машқ мекунад, хабар дода мешавад. Қобили […]

Гуштигири тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба унвони чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.

Дар ин бора дар саҳифаи клуби гуштигирии “Ҳоҷӣ Шариф” дар Facebook, ки Маҳмадбеков дар он машқ мекунад, хабар дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ин медали тиллои Сомон Маҳмадбеков аввалин байни ҷавонон оид ба дзюдо дар таърихи Тоҷикистон аст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон (U-21) дар Марокаш ҷараён дорад. Дар қувваозмоиҳо, ки то 20-уми октябр идома меёбанд, Тоҷикистонро шаш варзишгари ҷавон намояндагӣ мекунанд. Ҳамагӣ дар мусобиқа 517 нафар дзюдочиён – 294 марду 223 зан аз 81 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар рӯзи аввал Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров дар вазни -66кг гуштин гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд. Ҷамолиддин пас аз ду ғалаба дар даври сеюм ва Идибек дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Қоим Шукронов дар даври аввал аз ҳарифи амрикоияш мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз,  18-уми октябр ду варзишгари дигари кишвар – Абӯбакри Акобир ва Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг ба рақобат мепардозанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон дар 14 вазн миёни мардону занон доир мегардад. Ба ғолибон ва зинаҳои дуюму сеюм ба ҷуз медалу дипломҳо мукофтпулӣ низ тақдим мешавад: ба ғолиб – 2500 доллар, зинаи дуюм – 1500 доллар ва зинаи сеюм 850 доллар.

Маврид ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли 2018 Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Ҳонконг ба дарёфти медали тилло ноил гардида буд. Комёбиҳои ӯ дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо байни ҷавонон (то 21-сола) дар Португалия – медали нуқра, Ҷоми кушоди Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Испания – медали биринҷӣ низ шоистаи таҳсин аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.