Китоби “Знакомство с Таджикистаном” рӯнамоӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) рӯзи 17-уми октябр маросими рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст. Бино ба иттилои сомонаи КМТ, дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карда, аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) рӯзи 17-уми октябр маросими рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи КМТ, дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карда, аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, равобити байни ду кишвар аз сол ба соли дигар рушд меёбад. Сафарҳои пайвастаи роҳбарони ду кишвар ба мамолики ҳамдигар, вазирону раисон, соҳибкорону тоҷирон, олимону суханварон ва ғайра яке аз омилҳои аслии таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар мебошад.

Вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода навиштааст, ки Тоҷикистони муосир дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, табиати биҳиштосо ва нодири ин кишвари офтобӣ далели ин гуфтаҳост. Илму адабиёти классикӣ ва замонавӣ гувоҳ аз маданияти баланди миллати тоҷик аст. Бо ташаббус ва дастгирии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ рушд карда, якчанд мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бадеӣ ба феҳристи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Сайёҳи ба ин кишвари орзуҳо омада бевосита бо табиати зебову нодир, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одатҳои қадима, санъати меъморию сохтмонии қадима ва замонавӣ, инчунин ғизоҳои миллӣ аз наздик шинос шуда, ба худ асрори ин фарҳанги куҳанро то ҷое кашф мекунад.

Дар рӯнамоии китоб зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони давлатӣ аз Тоҷикистон ва Чин ширкат доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.