Ноболиғи бе ҳуҷҷати ронандагӣ дучори садамаи марговар шуд

Як ноболиғ дар пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак нишаста, ба садамаи нақлиётӣ роҳ додааст, ки бар асари он 1 кас фавтидаву 3 нафар маҷруҳ шуданд.  Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса рӯзи 16-уми октябр дар кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе рух додааст. Ронандаи 17-солаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099» аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Як ноболиғ дар пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак нишаста, ба садамаи нақлиётӣ роҳ додааст, ки бар асари он 1 кас фавтидаву 3 нафар маҷруҳ шуданд. 

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ин ҳодиса рӯзи 16-уми октябр дар кӯчаи Туниси шаҳри Душанбе рух додааст. Ронандаи 17-солаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099» аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Саид Юсуфов ва Салимҷон Маҳмадшоевро пахш кардаву ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Азиз Ҳафизов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона фавтидааст. Мусофирони дигари воситаи нақлиёт Манучеҳри Ӯктам ва Шариф Раҷабов, инчунин пиёдагард Саид Юсуфов бо ҷароҳатҳои гуногун бистарии дармонгоҳ шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.