Медали нуқраи қайиқрон Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё

Дар шаҳри Шаосинги Чин рӯзи 17 октябр Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад. Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Шаосинги Чин рӯзи 17 октябр Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир миёни калонсолон иштирок доранд.

Гуфта мешавад, Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр қувва озмуда, бо натиҷаи 18:23,70 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Шаҳриёр бо ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кард.

“Медали тиллои Чемпионати Осиё насиби варзишгари Чин Зиҳанг Ванг бо натиҷаи 17:12,47, медали биринҷӣ насиби Иссеӣ Такенака аз Ҷопон бо натиҷаи 18:45,78 гардид”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар сатҳи ҷаҳон варзишгарони Испания Диего Ромеро (16:17,54) ва Мануэл Кампос (16:18,86) ду ҷои аввалро ба даст оварданд. Мақоми сеюм насиби варзишгари Чех Яқуб Березина (16:24.15) шуд.

Варзишгари дигари Тоҷикистон Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ охирин шуда ба марра расид ва ба финал роҳ пайдо накард. Дар ин қувваозмоӣ 33 нафар иштирок доштанд.

Фардо, 19 октябр варзишгарони тоҷик дар масофаи миёна (26 км) нерӯ месанҷанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.