Қатъи муваққатии фаъолияти қариб 300 муассисаи дандонпизишкӣ ва кошонаи ҳусн

Фаъолияти 123 муассисаи дандонпизишкӣ (стоматологӣ), 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн дар Тоҷикистон баъд аз санҷиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваққатан қатъ шуд. Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми 9 моҳи соли равон мутахассисони хадамот барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ 97 муассисаи стоматологӣ, 127 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Фаъолияти 123 муассисаи дандонпизишкӣ (стоматологӣ), 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн дар Тоҷикистон баъд аз санҷиши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муваққатан қатъ шуд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, давоми 9 моҳи соли равон мутахассисони хадамот барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ 97 муассисаи стоматологӣ, 127 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳуснро ба маблағи умумии 111 ҳазору 295 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ҳамчунин зимни санҷиши муассисаҳои дорусозӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва 110 ҳазору 814 адад молҳои тиббӣ ва дигар мавод, ки муҳлати истифодаашон гузашта, гувоҳнома надоштанд ва ё ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуданд, мусодира шуданд.

Гуфта мешавад, нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводу молҳо аз онҳо мусодира гардиданд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, қонуншиканон ба маблағи умумии 996 ҳазору 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.