Анҷумани китоб барои кӯдакон дар Душанбе баргузор шуд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 26-уми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ташаббуси бунёди Оғохон Анҷумани китоб барои кӯдакон доир гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Академияи таҳсолоти Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳадафи баргузории чорабиниро дастандаркорони он тарғиби мутолиаи китоб байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин амалисозии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 26-уми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо ташаббуси бунёди Оғохон Анҷумани китоб барои кӯдакон доир гардид.

Дар он муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Академияи таҳсолоти Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ҳадафи баргузории чорабиниро дастандаркорони он тарғиби мутолиаи китоб байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин амалисозии яке аз бандҳои Стратегияи милии рушди маориф дар ҶТ то соли 2020, аз ҷумла, тартиб додани маҷмӯи нави китобҳои дарсӣ ва маводи таълимиву методӣ дар ҳамаи сатҳҳои таълим унвон карданд.

Маҳз дар ҳамин асос Бунёди Оғохон бо дастгирии сохторҳои давлатиии марбута ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ 20 номгӯйи китобҳо барои кӯдаконро давоми солҳои 2018-2019 таҳия ва нашр кард, ки дар ин Анҷуман пешкаш гардиданд.

Сарвари иҷроияи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев гуфт, ки дар бахши таълим ва рушди барвақтии кӯдакон созмони мазкур дар се самти муҳим фаъолият дорад.

Зикр шуд, ки Бунёди Оғохон мақомоти маҳаллиро тавассути сохтмону барқарорсозии мактабҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дастгирӣ карда, ҷиҳати такмили сатҳи дониш дар кишвар барои омӯзгорон ва роҳбарони соҳаи маориф давраҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.

Ҳамчунин айни замон Бунёд дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илм китобҳоро барои муассисаҳои томактабӣ ва макотиби ибтидоӣ омодаи чоп мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.