Шаҳрдории Душанбе аз Беларус гӯшт меорад

Охири моҳи октябр байни "Комбинати гӯшти Слутск"-и вилояти Мински Беларус ва КВД "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе дар бораи ба пойтахти Тоҷикистон таҳвил додани 300 тонна гӯшти гов шартнома ба имзо расид. Айни замон дар доираи шартномаи баимзорасида аз Минск ба шаҳри Душанбе ҳудуди 20 тонна гӯшти гов оварда шудааст. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Охири моҳи октябр байни "Комбинати гӯшти Слутск"-и вилояти Мински Беларус ва КВД "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳри Душанбе дар бораи ба пойтахти Тоҷикистон таҳвил додани 300 тонна гӯшти гов шартнома ба имзо расид.

Айни замон дар доираи шартномаи баимзорасида аз Минск ба шаҳри Душанбе ҳудуди 20 тонна гӯшти гов оварда шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари КВД "Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия"-и шаҳрдории Душанбе Фаррух Хушвахтов хабар дод.

“Гӯшти гови аз Беларус воридшуда бо нархи 45 сомонӣ ба нуқтаҳои хӯроки умумии Душанбе дода шуда, дар фурӯши чакана дар шабакаҳои савдо ва бозорҳои шаҳр вуҷуд надорад. Ба ин васила мо нархи ғизоро дар қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳр поин карданием”, – афзуд Хушвахтов.

Ба гуфтаи ӯ, барои забҳи чорво аз рӯйи шариати Ислом қассоби маҳаллӣ ба шаҳри Минск фиристода шудааст.

Хушвахтов изҳор дошт, ки дар доираи шартнома аз Беларус ба Душанбе муддати шаш моҳ гӯшти гов ворид шуда, дар зарурат муҳлати шартнома тамдид мешавад.

Барои таҳвили гӯшти гов аз Беларус ба Душанбе шаҳрдории пойтахт наздики 1 млн. доллар маблағ ҷудо кардааст.

Корхонаи Беларус, ки бо он шартнома баста шудааст, шаҳодатномаи ҳалол дошта, гӯшти худро ба Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ содирот мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.