Имкони аз толорҳои оператор дастрас кардани молҳои фиристода барои муштариёни МегаФон Тоҷикистон

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Почтаи Тоҷик” лоиҳаи нодири муштаракро роҳандозӣ менамоянд. Муштариёни оператори алоқа имкон пайдо мекунанд, ки молҳои тавассути мағозаҳои калонтарини интернетии "AliExpress”, “Taobao”, “eBay” ва “Amazon” харидоринамудаи худро на танҳо дар почта, балки инчунин дар толорҳои алоқаи МегаФон дастрас намоянд. Лоиҳаи нав ба муштариён имкон медиҳад, ки воситаҳои қулайтарини гирифтани молҳои таҳвилдодаи мағозаҳои […]

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва “Почтаи Тоҷик” лоиҳаи нодири муштаракро роҳандозӣ менамоянд. Муштариёни оператори алоқа имкон пайдо мекунанд, ки молҳои тавассути мағозаҳои калонтарини интернетии "AliExpress”, “Taobao”, “eBay” ва “Amazon” харидоринамудаи худро на танҳо дар почта, балки инчунин дар толорҳои алоқаи МегаФон дастрас намоянд.

Лоиҳаи нав ба муштариён имкон медиҳад, ки воситаҳои қулайтарини гирифтани молҳои таҳвилдодаи мағозаҳои маъруфи интернетиро интихоб намоянд. Барои ин кофист, ки ҳангоми ба расмият даровардани харид ба сифати нуқтаи ниҳоӣ толори оператор қайд карда шавад. Инчунин назорати ҷараёни таҳвил ва қабули SMS-огоҳиҳо, аз ҷумла огоҳиҳо дар бораи муҳлати омада расидани молҳои харидоришуда имконпазир аст.

“Тасодуфӣ нест, ки ширкати мо дар бозори телекоммуникатсионӣ мақоми ширкати кашшофро соҳиб шудааст. Лоиҳаи муштарак бо “Почтаи Тоҷик” ҳоло дар ҷумҳурӣ шабеҳи худро надорад. Айни замон танҳо ба мизоҷони мо дастраскунии маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо “дар як равзана” дастрас мебошад: ҳангоми ба воситаи интернети босуръати мобилии мо гузоштани фармоиш дар саҳифаи дахлдори мағозаи интернетӣ, мизоҷон метавонанд ҷараёни таҳвили молро назорат карда, сипас онро дар идораи наздиктарини ширкати мо ба даст гиранд!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.