Дар ноҳияи Рашт ба 37 оилаи собиқадорони соҳаи милитсия ва нафароне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷон бохтаанд, кумаки моддӣ расонида шуд.
Тибқи иттилои ВКД, ба аҳли хонаводаи онҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик бо ташаббуси раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт орду равған ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудааст.
Муовини аввали сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Файзиддин Абдуллозода зимни аёдати оилаҳои мазкур изҳор доштааст, ки мақомоти милитсия хотираи неки шаҳидони соҳаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва ҳамеша ба оилаҳои онҳо дасти кумак дароз менамояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


