Маҳсулоти ғизоӣ чоряк ҳиссаи воридоти Тоҷикистонро ташкил медиҳад

Ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 32,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омор “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода шудааст. Гуфта мешавад, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон бештар гандуму орд (тибқи вазни қиёсӣ беш аз ҳамаи дигар мавод), шакар, равғани рустанӣ, сабзавот, мева, картошка, маснуоти ордӣ, […]

Ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 32,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии омор “Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ” маълумот дода шудааст.

Гуфта мешавад, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон бештар гандуму орд (тибқи вазни қиёсӣ беш аз ҳамаи дигар мавод), шакар, равғани рустанӣ, сабзавот, мева, картошка, маснуоти ордӣ, ширӣ, тухм, чой ва дигар маҳсулот оварда мешавад.

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2018 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулоти озуқаворӣ 11,2% афзудааст.

Аз ҷумла, ҳаҷми воридоти тухм (30,8%), орд (47,3%), равғани рустанӣ (39,4%), гандум (6,9%), сабзавоти консервашуда, қиёми помидор (1,9 баробар), маҳсулоти макаронӣ (29,8%), сабзавот (16,7%), шакар ва маснуоти қаннодӣ (18,3%), чой (9,1%) ва мева (0,6%) афзудааст.

Аммо дар ин давра ҳаҷми воридоти картошка (89,0%), шарбати мева ва сабзавот (28,6%), шир ва маҳсулоти ширӣ (2,5%) кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ дар содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 3,1%-ро ташкил медиҳад. Аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан сабзавоту мева содирот мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.