Микроавтобусҳои васлу насби Тоҷикистон ба роҳҳои пойтахт мебароянд

Нахуст ба таври озмоишӣ дар ҷодаҳои Душанбе 3 модели мусофиркашҳои хурд равуо мекунанд. Сипас он навъи микроавтобус васлу насб хоҳад шуд, ки бештар ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд меояд. Бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry, ки ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои туркии тамғаи AKIA машғул аст, то охири соли […]

Нахуст ба таври озмоишӣ дар ҷодаҳои Душанбе 3 модели мусофиркашҳои хурд равуо мекунанд. Сипас он навъи микроавтобус васлу насб хоҳад шуд, ки бештар ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд меояд.

Бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry, ки ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои туркии тамғаи AKIA машғул аст, то охири соли равон васлу насби мусофиркашҳои хурдро ба роҳ мемонад.

Сарвари иҷроияи ҶДММ «Авесто Групп» Зафар Бурҳонзода имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ изҳор дошт, ки аллакай 3 модели тайёри микроавтобусҳо ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Онҳо ба таври озмоишӣ дар яке аз хатсайрҳои пойтахт ҳаракат мекунанд. Сипас дар корхона васлу насби силсилавии он навъи мусофиркаши хурд шурӯъ мешавад, ки бештар ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд меояд. 

Вай афзуд, ки ин ширкат аз оғози сол то моҳи ноябр 72 автобуси тамғаи AKIA истеҳсол кардааст ва то охири сол теъдоди онҳоро ба 100 адад мерасонад.

Марбут ба ин масъала як манбаи огоҳи “Азия-Плюс” дар шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки айни замон тақрибан 1 ҳазору 300 микроавтобус ҳамарӯза ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд, ки асосан тамғаи “Мерседес” мебошанд.

Мақомоти шаҳрдорӣ ният дорад, ки онҳоро тадриҷан ба микроавтобусҳои истеҳсоли ватанӣ иваз кунад, аммо барои ин ҳадди ақал наздики 10 сол лозим аст.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry моҳи январи соли 2018 таъсис шудааст. Он мувофиқи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Групп” ва ширкати туркии Ulasim IC YE DIS TICARET Anonim Sirketi ба корҳои васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои тамғаи AKIA машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.