Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми ноябр собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шудааст. Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду […]

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми ноябр собиқ раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шудааст.

Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди Афғонистон, таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат пазируфт.

Таъкид гардид, ки барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бояд аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.