«РТР Планета» пахши барномаҳоро дар Тоҷикистон барқарор карданист

            Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузориҳои Русия бо истинод ба изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти раҳбарии ширкат аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.             Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон шурӯъ аз 2-юми апрели соли ҷорӣ бинобар аз […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузориҳои Русия бо истинод ба изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти раҳбарии ширкат аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.





           

Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон шурӯъ аз 2-юми апрели соли ҷорӣ бинобар аз имзои шартнома барои соли 2009 даст кашидани ҷониби Русия пахши барномаҳои шабакаи телевизион мазкурро дар қаламрваи ҷумҳурӣ қатъ сохта буданд.




           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, мақомоти раҳбарии ширкат дар давоми моҳи март бо ҷониби Тоҷикистон фаъолона гуфтушунид доштааст, вале 27-уми март ҷониби Тоҷикистон ба онҳо дар бораи яктрафа даст кашидан аз қарордоди паҳни мавҷҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» ва «Радиои Русия» хабар додааст.




           

Гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати дубора барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР Планета», ки қисми зиёди ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳолии русзабони ҷумҳуриро бо дастрасӣ ба иттилоот аз Русия таъмин месохт, тадбирҳои зарурӣ меандешад.




           

Директори генералии ширкати Русия Олег Добродеев таъкид сохтааст, ки гурӯҳи корӣ таҳти сарварии мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати ҳалли таъҷилии масъала ва гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон барои барқарор сохтани пахши барномаҳо омода аст, ба шаҳри Душанбе ташриф биоварад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.