Агар умр вафо мекард, имрӯз, 20-уми ноябр Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир 81-умин солрӯзи худро ҷашн мегирифт.
Устод аз сабаби беморӣ 1-уми майи соли 2018 дар шаҳри Сиэтли ИМА, ки як моҳи охири умраш он ҷо табобат мегирифт, дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷасади шоир ба Ватан овардаву дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Мо тасмим гирифтем, ки бо духтари ӯ – Шогуна Собир суҳбате дар бораи падараш дошта бошем.
Шогуна мегӯяд, ҳамасола зодрӯзи падарро дар ҷамъи наздикону пайвандон таҷлил мекарданд ва имрӯз ҷойи ӯ холист. “То ҳол боварам намеояд, ки падарам дигар бо мо нест. Вақте Амрико оям, фикр мекунам, ӯ дар Тоҷикистон аст. Вақте Тоҷикистон оям, бо он худро тасаллӣ медиҳам, ки падарам дар ҳуҷраи кории худ ба навиштани шеър машғул аст, аммо афсӯс…”
– Беҳтарин ёддошти шумо аз падар?
– Аз ҳаёт ёддошти хуберо интихоб кардан душвор аст. Ин ҷо метавон аз муҳокимаҳои дохили мошин дар роҳ ба сӯйи донишгоҳе, ки ӯ дарс мегуфту ман таҳсил мекардам, ёдрас шуд. Ман он замон дипломҳои ихтисоси равоншиносӣ ва фалсафаро мегирифтам. Бинобар ин, муҳокимаҳои мо гоҳо гарму гоҳо аҷиб дар мавзӯъҳои сар аз сиёсат то хусусияти ҷаҳон, парадоксҳо, мавҷудияти Худо ва тафаккури инсонӣ сурат мепазируфт. Ёддошти дигари гуворо иштироки мо ҳамроҳ бо садҳо ва ҳазорҳо сиэтлиҳо дар эътирозҳои зидди ҷанг дар Ироқ мебошад. Дар ҳарду маврид мо илова бар муносибатҳои падаронаву духтарона дар сатҳи дигар, яъне сатҳи зеҳнӣ бо ҳам иртибот доштем.
– Бозор Собирро як шоири эрка ва сахтгӯ меноманд. Оё дар хона аз ин сифот истифода мекарданд?
– То чанде пеш ман намедонистам, ки то чӣ андоза падарам мутараққӣ ва аз нуқтаи назари муносибатҳои оилавӣ аз дигар тоҷикон фарқкунанда мебошад, зеро дар Тоҷикистон муддати тулонӣ будам. Дар хона падарам ба модарам дар пухтан, тоза кардан, шустушӯйи зарф кумак мекарду бо наберагонаш вақти зиёд мегузаронд. Бо онҳо ба боғҳо мерафт ва якмолакбoзӣ мекарду машғули моҳигирӣ мешуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба зоҳири ман аҳамият намедод ва бо ягон роҳ маро маҳдуд намесохт. Ӯ ҳеҷ гоҳ эрка набуд, на дар хона ва на берун аз он. Бо вуҷуди ин, ӯ ростқавл буду фикру ақидаҳояшро, ки баъзе касон онҳоро сахтгӯёна ё таҳқиромез мепиндоштанд, ошкоро мегуфт.
– Устод солҳои зиёд дур аз Ватан буданд. Шумо эҳсоси ғарибиро дар нигоҳ, рафтору суҳбати падар эҳсос мекардед?
– Тӯли солҳои зиёде, ки мо бо падар дур аз Ватан будем, барои ӯ хеле душвор мегузашт. Зеро тамоми наздикони мо дар Тоҷикистон буданд. Одам агар аз наздиконаш дур бошад, робитаҳо коста мешаванд. Падарам ба мо аз айёми кӯдакиаш, ки дар интернат гузашта буд ва зодгоҳаш Сӯфиён қиссаҳои шӯхиомез мекард. Ӯ ғами дурии худро аз зодгоҳ, ёру наздикон ба воситаи шеърҳояш, ки дар васфи Ватан эҷод мекард, таскин медод.
– Сабаби ба Тоҷикистон баргаштани устод Бозор Собир чӣ буд?
– Падарам қабл аз соли 2013 (вақте ки ӯро расман муҳтарам президент Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд) ба Тоҷикистон баргашт. Баъд аз ташрифи намояндаи Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ба хонаамон дар Сиэтл, падарам ин масъаларо бо модарам баррасӣ кард. Ман ҳеҷ гоҳ аз ӯ напурсидаам, ки чаро ба Ватан баргашт. Зеро бозгашт ба ҷое, ки таваллуд шуд ва тӯли ним аср зиндагӣ кард, табиист ва инро дил мехоҳад. Хусусан, вақте ки ӯ зиёда аз 20 сол аз Ватанаш комилан ҷудо буд. Ӯ то соли 2013 борҳо ба Тоҷикистон омада буд. Тафовут дар соли 2013 дар он буд, ки ӯро президент Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ даъват кард.
– Шумо тасмими баргашти устодро чӣ гуна пазируфтед?
– То ҷое ман медонам, гарчaндe падарам мехост дар Ватан зиндагӣ кунад, аммо тавони дурӣ аз фарзандон ва наберагонашро надошт. Вақте ки инсон маҷбур мешавад Ватанашро тарк ва 20 сол дар ҷойи дигар зиндагӣ кунад, ногузир аст, ки ӯ робита бо ҳаёти гузаштаи худро аз даст медиҳад. Баргаштан ба Ватан маънии қатъ гардидани иртибот бо зиндагии хориҷиро дорад. Дар чунин ҳолат амалан имконнопазир аст, ки худро барои дар як ҷо абадан маскун гирифтан маҷбур созӣ.
– Ҳоло аз суҳбат бо шумо маълум мешавад, ки устод забони тоҷикиро дар хонаводаи худ ҳифз кардаанд ва фарзандон озодона ба он суҳбат мекунанд. Нафаре аз фарзандон роҳи падарро интихоб кардааст?
– Бале, дар хона танҳо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанем ва кӯшиш мекунем, фарҳангу забони худро пос дорем. Вале азбаски ман дар ИМА аз овони кӯдакӣ ба воя расидам, ба англисӣ фикр мекунаму бароям суҳбат оростану баён кардани андеша ба ин забон осон аст. Яке аз бародарони калониям ба адабиёт шавқ дорад, вале ӯ ба он танҳо дар вақтҳои холӣ аз кори барномасозӣ машғул мешавад.
– Устод китоб нашрношудае доштанд?
– Бале, падарам як китоб бо номи “Замини Модарӣ” ва чанд китоби кӯдаконаро мехостанд нашр кунанд, аммо умр фурсат надод. Мо айни замон дар фикри нашри китобе ҳастем, ки падарам тайёр карда буд. Рӯзҳои наздик онро ба чоп месупорем.
– Устод ҳамеша аз Ватан ёд мекарданд ва солҳои охири умри худро низ мехостанд ин ҷо гузаронанд. Аммо боз ҳам роҳи Амрикоро барои табобат пеш гирифтанд ва умр вафо накарду дунёро он ҷо падруд гуфтанд. Шояд ба шумо васияте карда бошанд?
– Ӯ воқеан Тоҷикистонро бисёр ёд мекард. Ягон рӯз набуд, ки бе ҳикояе марбут ба Тоҷикистон гузарад. Аммо ӯ ба ИМА на бо сабаби тиббӣ рафтааст. Ӯ ва модарам ба он хотир баргаштанд, ки онҳо низ фарзандону наберагонро ёд карда буданд. Яке аз мушкилоти ҳаёти онҳо ин буд, ки мехостанд ҳама дар як ҷо бошанд, вале нафарони ба онҳо наздик на як ҷо, балки дар ҷойи дур аз ҳамдигар мезистанд.
Ҳеҷ васияте накарда буданд, чун падар ва ҳамаи мо умед ва бовар доштем, ки ӯ шифо меёбад. Бинобар ин, марги ӯ нобаҳангом буд.
Маълумотнома
БОЗОР СОБИР 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Бинобар бемаҳал аз падар маҳрум мондан, дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъд аз як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957 ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, соли 1962 онро хатм кардааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 1995 бар асари воқеаҳои маълум ба ИМА ҳиҷрат карда, моҳи майи соли 2013 бо даъвати раисҷумҳур ба Ватан баргашт.
Фаъолияти эҷодияш аввали солҳои шастуми асри гузашта оғоз шудааст. Давоми солҳои ҳафтодум ба сифати муаллифи ашъори баландмазмуни ватандӯстона ва лирикаи нозуку равон шуҳрати тамом пайдо кардааст.
Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Пайванд» соли 1972 – замоне ба табъ расид, ки шоир ҳам дар ҳаёту ҳам дар адабиёт ба камол расида буд. Он солҳо сарфи ҷустуҷӯю омӯзиш ва дарку эҳсоси амиқи рисолати шеъру шоирӣ буд. Ин ҳама барои эҷоди ашъоре замина фароҳам овард, ки зуд ба дилҳо нишаставу сари забонҳо шуданд. Аз ҷумла, «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Девори Бухоро», «Теғи Сино» ва хеле аз шеърҳои дигараш бо нигоҳи тозаву амиқ, эҳсоси баланди шоирӣ ва меҳри ватандорию ҷасорати шаҳрвандӣ эҷод шуда, сафаҳоти пурифтихору фоҷиавии таърихи миллатро бозгӯ кардаанд.
Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988) мебошад Барои хидматҳояш дар равнақи адабиёт ва рушди ҳаёти ҷомеа соли 2013 бо ордени «Ситораи Президент» мушарраф гардонида шудааст. Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Иддае аз ашъораш ба забонҳои халқҳои шӯравӣ, инглисию олмонӣ, фаронсавию испанӣ ва чехию лаҳистонӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Дар ин матлаб аз иттилооти торнамои navisandagan.tj, инчунин видеои ТВ Тоҷикистон ва шабакаи Youtube истифода шудааст.


