Радиои «Азия-Плюс» бо ҷоизаи “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” қадрдонӣ шуд

Date:

Имрӯз маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” баргузор шуд.

Озмун ҳамасола бо қарори раиси пойтахт бо мақсади баланд бардоштани обрӯву нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, тарғиби дастовардҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, минбаъд ҳавасмандсозии рушди соҳибкорӣ дар Душанбе гузаронида мешавад.

Радиои “Азия-Плюс” дар бахши “Технологияҳои иттилоотӣ” ғолиб дониста шуд. Қобили зикр аст, ки ин радио аллакай чандин сол инҷониб ғолиби озмуни мазкур эътироф мешавад.

Ба гуфтаи сарвари он Манижа Аҳмадова, Радиои “Азия-Плюс”-ро барои саҳми назаррас дар ташкилу баргузории ҷашнвора ва дигар чорабиниҳои ҷолибу шавқовар қадрдонӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манижа Аҳмедова

“Имрӯз мо дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвар шабонарӯзӣ (24/7) барнома пахш карда, инчунин пахши мустақимро тариқи Интернет рушд медиҳем. Ба кори худ дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи бештар зоҳир месозем, зеро шунавандагони асосии мо дар ин ҷоянд. Аз ин рӯ, қисми зиёди барномаю озмун ва дигар чорабиниҳо барои сокинони пойтахт пешбинӣ мешавад. Ҳама дар хотир доранд, ки аввали солҳои 2000-ум Радиои “Азия-Плюс” аввалин шуда, чорабиниҳои оммавии фароғатиро дар пойтахт баргузор мекард. Имрӯз ҳам бо дастгирии маъмурияти шаҳр ва ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ ин анъанаро давом медиҳем. Аксари душанбегиҳо ҷашнвораҳои бодбарак ва мошинҳои қадима (ретро-автомобил), консертҳо дар маркази пойтахт, иқдомҳо барои дастгирии модарон ва чорабиниҳои дигари моро хуб дар ёд доранд”, – мегӯяд ӯ.

Манижа Аҳмадова қайд кард, ки ин анъанаро минбаъд низ идома бахшида, ба сокинони пойтахт ва ҳамаи шунавандагони радио табъи болида ва эътимод ба оянда эҳдо хоҳанд кард.

Дар рӯйхати ғолибони бахшҳои боқимондаи озмун Комбинати шири Душанбе, “Тоҷиктекстил”, ҶДММ “Рамзан Сохтмон”, “Газпром-нефт Тоҷикистон”, Маркази тиббию эстетикии “Жасмин”, “Мегафон Тоҷикистон” ва дигар корхонаву ширкатҳо низ ҳастанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шоҳҷоизаи озмун ба ҶСП “Заводи асфалту бетон” тақдим шуд. Диплому туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон муовинони раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода  ва Фаррух Ҷумъазода супурданд.

ҶДММ “Лаззат”, “Нурабис”, “Имдоди Ғайрат”, “Султони Кабир”, “Паймон-2013”, “Сафариён”, “Мавҷи истиқлол”, “Сифати саноат”, “Сифат фарма”, “Зафар иншоот”, “Дуто”, “Душанбе-Принт”, “Эрграф”,  ҶСП “Нур Пласт” ва ҶСК “Континент-Инвест” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми маросим консерт бо иштироки ҳунармандон ва устодони арсаи созу навои кишвар баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...