Оғози лоиҳаҳои нави USAID барои барҳам додани сил дар Тоҷикистон

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон ба фаъолияти ду лоиҳаи нав расман ҳусни оғоз бахшид. Лоиҳаи панҷсола барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) – гранте, ки ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дода шудааст ва лоиҳаи USAID ҷиҳати беҳтар кардани пешгирӣ, ошкор […]

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон ба фаъолияти ду лоиҳаи нав расман ҳусни оғоз бахшид.

Лоиҳаи панҷсола барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) – гранте, ки ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дода шудааст ва лоиҳаи USAID ҷиҳати беҳтар кардани пешгирӣ, ошкор ва табобати бемории сил дар Осиёи Марказӣ. Ҳар ду лоиҳа қисме аз барномаи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фаъолиятҳои калидиро марбут ба Тоҷикистон дар бар мегиранд.

Ҳадафи асосии ҳар ду лоиҳа афзоиши минбаъдаи ошкорсозӣ ва беҳтар кардани натиҷаҳои табобати бемории сили ба дору устувор ва таҳкими муҳити мусоид ва устувории молиявии барномаҳои сил ва бемории сили ба дору устувор мебошад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардз ва намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар маросими ифтитоҳ иштирок карданд. Намояндагони Парлумони Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ, мансабдорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ низ дар чорабинӣ ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳ USAID ба Вазорати тандурустӣ реагентҳои лабораторӣ ва лавозимотро барои ташхиси саривақтии бемории сили ба дору устувор, ки ба маблағи $250,000 харидорӣ шудааст, тақдим намуд.

Бо буҷаи умумӣ ба маблағи 31,6 миллион доллар ИМА барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, лоиҳаи ETICA барои устуворона баланд бардоштани сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳо ҷиҳати табобати бемории сили ба дору устувор, тавассути баланд бардоштани иқтидори Барномаҳои миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил оид ба ташхис, табобат, маблағгузорӣ ва системаҳои иттилоотии бемории сил дарТоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур Директори миссияи USAID дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт: “Ҳукумати ИМА уҳдадор аст, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расонидани иттилоот ба ҳар як шахс дар бораи бемории сил, табобати шахсони эҳтиёҷманд ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ дастгирии худро пешниҳод намояд.”

USAID – Агентии пешбари байналмилалӣ оид ба рушд ва яке аз фаъолони таккондиҳанда мебошад, ки барои расидан ба натиҷаҳои рушд кумак мерасонад. USAID ба амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодӣ мусоидат намуда, ғамхории мардуми Амрикоро нишон медиҳад ва роҳи  худтаъминкунӣ ва устувориро таҳким мебахшад. Кумаки USAID дар Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна маблағи 30 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, тақрибан 30 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ равона карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.