Рустами Эмомалӣ бори аввал ба ҳайси раиси шаҳр ба Тошканд меравад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 3-4 декабр бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд меравад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод. Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 3-4 декабр бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд меравад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ хабар дод.

Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиро байни Душанбе ва Тошканд баррасӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки шаҳрдорон барномаи ҳамкории ду пойтахтро барои соли 2020 тасдиқ хоҳанд кард.

Моҳи январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо фармони президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси раиси пойтахт ба кишварҳои хориҷӣ сафар накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.