Дастрасии боз 60 ҳазор сокинони Хатлон ба интернети 4G-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон”

Date:

МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои нави базавии шакли 4G-ро, ки дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кор дароварда шуданд, ба истифода супорид. Суръати баланди интернети мобилии оператор ба зиёда аз 60 ҳазор сокинони Қумсангир, Вахш ва Ҷиликул дастрас шуд.

Тавре дар ширкат қайд мекунанд, ҳадафи асосии васеъкунии шабакаи 4G – ба сокинони ноҳияҳо пешниҳод кардани ҳамаи имкони истифодаи хизматрасониҳои рақамие мебошад, ки дар шаҳрҳои бузург дастрас мебошанд. Бо корандозии пойгоҳҳои нав муштариён аз деҳаҳои Хатлон имкон пайдо карданд, ки бо суръати баланд интернетро бевосита дар хонаҳои худ истифода баранд. Қаблан онҳо интернети 4G-ро танҳо дар маркази ноҳия истифода карда метавонистанд.

“Мо афзоиши назарраси трафики мобилиро дар Хатлон мушоҳида мекунем – ҳар сол он аз ҳама кам ду маротиба зиёд гардида, қисми бештари он ба шабакаи LTE рост меояд. Мо интизори маҳз чунин натиҷаҳо будем, зеро хизматгузориҳои муосири интернетӣ ба таври уствор вориди ҳаёти мо шудаанд. Вазифаи мо – таъмин кардани имкониятҳо барои истифодаи қулайи онҳо сарфи назар аз макони иқомати муштарӣ ба шумор меравад”, – мегӯяд сарвари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...