Хотироти дӯстон дар бораи Кароматуллои Қурбон

Агар умр вафо мекард, имрӯз сарояндаю навозанда ва оҳангсози мумтози тоҷик Кароматуллои Қурбон 58-умин солрӯзи худро канори пайвандону ҳаводоронаш ҷашн мегирифт. Дар ин рӯз хабарнигори Asia-Plus хотироти чанде аз дӯстони ӯро дар бораи шахсият ва касбияти баланди ин ҳунарманд гирд овард. Инсони хоксору меҳрубон ва серкор буд… Овозхони шинохта Исматулло Холов яке аз дӯстони даврони […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Агар умр вафо мекард, имрӯз сарояндаю навозанда ва оҳангсози мумтози тоҷик Кароматуллои Қурбон 58-умин солрӯзи худро канори пайвандону ҳаводоронаш ҷашн мегирифт. Дар ин рӯз хабарнигори Asia-Plus хотироти чанде аз дӯстони ӯро дар бораи шахсият ва касбияти баланди ин ҳунарманд гирд овард.

Инсони хоксору меҳрубон ва серкор буд…

Овозхони шинохта Исматулло Холов яке аз дӯстони даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Кароматуллои Қурбон буд.

“Мо бо ҳам аз овони кӯдакӣ бузург шудаем, ҳатто метавонам гуфт, ки дар як хонадон калон шудаем. Бо ҳам дар мактаби №3-и ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи собиқ “Партизани сурх” – имрӯз Чорсӯ дар як синф таҳсил мекардем. Кароматулло бисёр меҳрубону зирак буд, дар дарсҳо низ фаъол буд. Мо навохтану сароиданро аз синфи чаҳорум оғоз кардем. Бо ҳам дар тамоми маҳфилҳои байни мактабҳои ноҳия ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзидем. Ӯ аккордеонро бо маҳорати баланд менавохт ва ман дар бараш рубоб менавохтам ”, – ба ёд меорад Исматулло Холов.

Ин ду ҳунарманд дар гурӯҳи созию овозии “Суғдиён” бо ҳам фаъолият карда, сурудҳои қадимаи тоҷикиро дар жанри эстрада месароиданд. Онҳо дар озмуну чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявию берун аз он ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.

“Соли 1980 Кароматулло дар ансамбли “Суғдиён” фаъолиятро оғоз кард ва пас аз 5 сол маро низ ба он даъват кард. Дӯстам инсони хоксору меҳрубон ва серкор буд. Ҳамеша барои муваффақ шудан талош мекард. Устоди санъати Ҳиндустон Муҳаммадрафӣ ва Аҳмад Зоҳирро хеле дӯст медошт. Ба ҳамин хотир номи фарзандашро Муҳаммадрафӣ гузошт”, – афзуд ӯ.

Исматулло Холов изҳори таассуф кард, ки беҳтарин ҳунарманди тоҷик Кароматуллои Қурбон дар овони ҷавонӣ ба таври фоҷиавӣ дунёро падруд гуфт. “Вақте хабари марги ӯро шунидам, ҳеҷ боварам намеомад. Дасту дилам аз санъату аз дунё хунук шуд. Хеле сахт буд аз даст додани чунин дӯсти қарину қадрдон”, – гуфт ӯ.

https://www.youtube.com/watch?v=PKtJYv3RYrA

Гӯё ҳис мекард…

Баҳодур Неъматов, сарояндаи гурӯҳи созию овозии “Гулшан”, ки Кароматуллои Қурбон дар ҳайати он чандин сол ҳунарнамоӣ кардааст, аз ӯ ба некӣ ёдоварӣ кард.

“Кароматулло хеле заҳматкаш буд ва дар умри кӯтоҳи худ сурудҳои зиёд эҷод кард. Гӯё ҳис мекарда бошад, ки умраш начандон тӯлонист, шабу рӯз пайи офаридани сурудҳои нав ба нав буд… Ҳар вақте номи Кароматуллоро шунавам, хандаҳо ва табассуми ширини ӯ пеши назарам меояд. Ҳамсуҳбати хуб ва хушгуфтор, хеле шӯхтабиат ва самимӣ буд… Хӯроки дӯстдоштаи ӯ оши палав буд. Ҳар боре ба сафарҳои хизматӣ мерафтем, дар меҳмохона пешакӣ ҳатман ош фармоиш медод”, – нақл кард Баҳодур Неъматов.

https://www.youtube.com/watch?v=ngQQKqEF7lI

Ифтихори миллӣ

Ҳунарпеша ва ровии маъруф Ортиқи Қодир, ки бо Кароматулло дӯсти наздик буд, мегӯяд, шодравон дар жанри эстрада таҳавуллоти аҷиб овард. Ӯ аз равзанаи ифтихори миллӣ ба ҷаҳони санъати муосир нигоҳ мекард ва нисбат ба худ серталаб буд, то ҳунарашро сайқал диҳад. Вале ба ҳамаи серкории худ нигоҳ накарда, кӯшиш мекард, ба оила низ вақт ҷудо намояд.

– Фарзандонашро дӯст медошт ва самимияти зиёд ба ҷигарбандонаш дошт. Падари ғамхору дилсӯз буд. Афсӯс, ҳунарманди мумтози моро ҷаҳолат аз байн бурд ва доғи ин дар дили азизону мухлисон боқӣ мондааст. Фарзандонаш вақте аз падар маҳрум шуданд, хеле хурд буданд ва табиист, ки аз меҳри падар сер нашуда буданд. Баъд аз фавти Кароматулло наздиконаш нақл мекарданд, ки вақте садои дар баланд мешуд, Нозияи хурдакак медавиду мегуфт: “Ана, падарам омад”. То дер ин хонавода ба худ наомада буд. Модарашон ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда, фарзандони худро калон кард, – гуфт Ортиқи Қодир.

Вай афзуд, ки хотираҳои худро дар бораи Кароматуллои Қурбон рӯйи коғаз оварда, китоби “Ёди ту оташест, ки хомӯш намешавад”-ро нашр кардааст.

Дар ин матлаб аз видеоҳои YouTube – ASIA-Plus, TojTV, Voajab Films, Nozimov Amriddin истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.