Эмомалӣ Раҳмон раиси Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал интихоб шуд

Имрӯз, 29-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин вохӯрӣ нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раисҷумҳурони Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ ширкат варзиданд. Зимнан аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид шуда, […]

Имрӯз, 29-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин вохӯрӣ нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раисҷумҳурони Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ ширкат варзиданд.

Зимнан аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид шуда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин масоили амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. 

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баландӣ вохӯрӣ изҳори сипос кард.

“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдорӣ таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад”, – изҳор дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеъи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян мекунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб кард.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуданд.

Аз рӯйи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштарак қабул гардид.

Дар охири вохӯрӣ ҳамчунин раисӣ дар Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал бо таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин зимн сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи байнулмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд. Бо ин қарор Эмомалӣ Раҳмон раиси Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.