Муаррифии осори адибони тоҷик дар ҷашнвораи Брюссел

Дар Брюссел (Белгия) ҷашнвораи 8-уми Open Eurasia Book Forum & Literature Festival (OEBF) доир гардид. Он аз ҷониби иттиҳоди эҷодӣ (Лондон) ва нашрияи бритониёии Hertfordshire Press созмон дода шуда, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи шахсони эҷодкор ба масоили башардӯстӣ (гуманитарӣ), ки айни замон дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ рӯзмарра аст, бо AidEx муттаҳид шуд. Барномаи ҷашнвораи OEBF 2019 […]

Asia-Plus

Дар Брюссел (Белгия) ҷашнвораи 8-уми Open Eurasia Book Forum & Literature Festival (OEBF) доир гардид. Он аз ҷониби иттиҳоди эҷодӣ (Лондон) ва нашрияи бритониёии Hertfordshire Press созмон дода шуда, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи шахсони эҷодкор ба масоили башардӯстӣ (гуманитарӣ), ки айни замон дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ рӯзмарра аст, бо AidEx муттаҳид шуд.

Барномаи ҷашнвораи OEBF 2019 дар Брюссел пурмуҳтаво буда, аз чорабиниҳои гуногун – маросими рӯнамои китобҳо, намоишгоҳ, конференсияҳо барои тарҷумонҳо, нависандагону шоирон, коргардону рассомон, коршиносон дар соҳаи адабиёт ва ноширон иборат буд.

Расми ифтитоҳи ҷашнвора ба 175-солагии Абай бахшида шуда, дар Маркази Экспои Брюссел баргузор шуд, ки дар он меҳмони фахрии ҷашнвора, сафири Тоҷикистон да Шоҳигарии Белгия Эркин Раҳматуллозода суханронӣ кард.

Яке аз чорабиниҳои хотирмони ҷашнвора маросими рӯнамои китобҳои ғолибони озмуни “Открытая Евразия 2018”, аз ҷумла, китоби адиба аз Тоҷикистон Гулсифат Шаҳидӣ “Потерянный рай – Настоящий рай” (“True Paradise – Lost Paradise”) буд. Ин китобро нашрияи бритониёии Hertfordshire Press чоп кардааст.

Қобили зикр аст, ки ба Гулсифат Шаҳидӣ барои беҳтарин интиқоди адабӣ ҷоизаи махсус тақдим карда шуд.

Дар ҷашнвораи Open Eurasia Book Forum & Literature Festival имсол намояндагони 25 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Қаблан ҷашнвора дар Лондон, Бишкек, Алмаато, Стокголм, Кембриҷ ва Бангкок баргузор шуда буд.

Созмондиҳандаи ҷашнвора иттиҳоди ҷамъиятии ғайритиҷоратии Eurasian Creative Guild (London) мебошад. Тоҷикистонро дар шӯрои машваратӣ дар соли 2019-2020 Гулсифат Шаҳидӣ намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.