Бунёди таваққуфгоҳҳои шашсатҳаи мошинҳо дар Душанбе

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро барои мошинҳо таҳия кардааст. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, таваққуфгоҳҳо ояндаи наздик дар минтақаҳои гуногуни шаҳр сохта мешаванд. Иншооти мазкур барои бартараф кардани мушкилоти дар кӯчаву ҳавлиҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро барои мошинҳо таҳия кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, таваққуфгоҳҳо ояндаи наздик дар минтақаҳои гуногуни шаҳр сохта мешаванд.

Иншооти мазкур барои бартараф кардани мушкилоти дар кӯчаву ҳавлиҳои назди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои муқаррарнашуда ба муддати тӯлонӣ гузоштани автомашинаҳо бунёд мегардад.

Таваққуфгоҳҳо бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, нуқтаҳои шустани мошинҳо ва посбонии шабонарӯзӣ таъмин мешаванд.

“Таваққуфгоҳҳои аз чор то шашошёна дар ноҳияҳои гуногуни пойтахт бо назардошти шумори автомашинаҳои дар онҳо сабтшуда сохта мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои таваққуфгоҳҳо дар шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, пас аз тасдиқ сохтмони онҳо оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.