Дастаи Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2020 оид ба футбол роҳхат гирифт

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон анҷом ёфт ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи финалӣ, ки 14-31 октябри соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад, маълум шуданд. Дар баробари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар гурӯҳи “С”-и марҳилаи интихобӣ сазовори ҷойи аввал шуд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд – Ироқ (гурӯҳи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон анҷом ёфт ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи финалӣ, ки 14-31 октябри соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад, маълум шуданд.

Дар баробари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар гурӯҳи “С”-и марҳилаи интихобӣ сазовори ҷойи аввал шуд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд – Ироқ (гурӯҳи “А”), Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”), Малайзия (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”) ва Индонезия (гурӯҳи “K”). Дастаи Ӯзбекистон низ ҳамчун мизбон дар марҳилаи финалӣ иштирок мекунад.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамчунин 4 дастаи дигари ҷойи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 иштирок мекунанд – Лаос (гурӯҳи “Н”), Ветнам (гурӯҳи “J”), Яман (гурӯҳи “В”) ва Камбоҷа (гурӯҳи “G”).

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаҳои Малдив (9:0), Лубнон (1:0), Сурия (1:0) пирӯз шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.