«Онҳо ба даъвати фаврӣ шитоб доштанд». Навори видеои садамаи мошини ёрии таъҷилӣ

Мошини ёрии таъҷилии тиббии мансуб ба Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми декабр ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрд. Замони садама табиб Пайрав Ишрапов ва ронанда Миралӣ Лоиқов дар дохили он буданд. “Кормандони мо ба даъвати таъҷилӣ шитоб доштанд, лекин дар роҳ дучори садама шуданд. Мо дарҳол ба ҷойи ин ҳодиса ва даъвате, ки […]

Мошини ёрии таъҷилии тиббии мансуб ба Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми декабр ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрд.

Замони садама табиб Пайрав Ишрапов ва ронанда Миралӣ Лоиқов дар дохили он буданд.

“Кормандони мо ба даъвати таъҷилӣ шитоб доштанд, лекин дар роҳ дучори садама шуданд. Мо дарҳол ба ҷойи ин ҳодиса ва даъвате, ки онҳо мерафтанд, ду автомашинаи дигари ёрии таъҷилӣ фиристодем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини сардухтури ин беморхона Раҳимҷон Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, ронандагон бояд донанд, ки “вақте мошини ёрии таъҷилӣ бо чароғаки фурӯзонаш ва бонги даъвати фаврӣ равон аст, ҳаёти касеро наҷот медиҳад”.

“Бар асари садама кормандони мо ҷароҳатҳои сабук бардошта, айни замон худро хуб ҳис мекунанд ва дар ҷойи коранд. Онҳо бистарӣ нашуданд, зеро ҷароҳатҳои ҷиддӣ надоштанд”, – қайд кард Раҳимов.

Тавре дар торнамои Oila хабар дода мешавад, рӯзи 1-уми декабр дар кӯчаи Беҳзоди пойтахт мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, ба автомашинаи Toyota Camry бархӯрда, чаппа шуд.

Одамоне, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, ба берун овардани ронанда ва табиб кумак карданд. Тавре дида мешавад, шахсони дар дохили Toyota Camry қарордошта осеби ҷиддӣ надидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.