Нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд боло рафт

Шурӯъ аз 1-уми декабри соли ҷорӣ арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар Хуҷанд барои аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба ҳисоби миёна 20% гарон шуд. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” иттилоъ доданд. Минбаъд сокинони маҳаллӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирам ва рафъи 1 метри мукааб партовоб […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми декабри соли ҷорӣ арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар Хуҷанд барои аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ ба ҳисоби миёна 20% гарон шуд. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” иттилоъ доданд.

Минбаъд сокинони маҳаллӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирам ва рафъи 1 метри мукааб партовоб 80 дирам мепардозанд. То ин замон барои ҳамин андоза оби ошомиданӣ 1 сомонӣ ва барои рафъи партовоб 60 дирам муайян шуда буд.

Нарх барои ташкилотҳои буҷавӣ барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 2 сомонию 04 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонию 20 дирам бо иловаи 18% андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст. Пештар ташкилотҳои буҷавӣ баҳри оби ошомиданӣ 1 сомонию 70 дирам ва рафъи партовоб 1 сомонӣ мепардохтанд.

Ҳамзамон барои ташкилотҳои хоҷагидорӣ нарх бетағйир мондааст. Онҳо барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 6 сомонӣ ва рафъи партовоб 1 сомонию 70 дирам месупоранд.

Мудири кулли КВДК “Хуҷандобуканал” Носир Ғафурзода мегӯяд, ин болоравии нарх дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами №165 аз 25-уми октябри соли ҷорӣ ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти рақами №732 аз 26-уми ноябр “Дар бораи тасдиқ намудани нархномаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовоб” сурат пазируфтааст.

Вай афзуд, ки бори охир арзиши оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб дар шаҳри Хуҷанд 1-уми январи соли 2017 боло рафта, то кунун бетағйир монда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.