БҶ: Суръати афзоиши ММД Тоҷикистон бо сабаби иқтисоди заифи Русия суст мешавад

Бонки ҷаҳонӣ суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар ду соли наздик пешгӯӣ мекунад. Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 5,5-5,0% дар солҳои 2020-2021 суст мешавад, ки афзоиши бештар заифро дар иқтисоди Русия ва коҳиши нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти […]

Бонки ҷаҳонӣ суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар ду соли наздик пешгӯӣ мекунад.

Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 5,5-5,0% дар солҳои 2020-2021 суст мешавад, ки афзоиши бештар заифро дар иқтисоди Русия ва коҳиши нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ашёи хомро таҷассум месозад.

Муаллифони гузоиш бар ин назаранд, ки дар дурнамои миёнамуҳлат интиқоли пул суст боқӣ монда, фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар бо саноати кӯҳкорӣ, истеҳсолот ва сохтмон дастгирӣ мешавад.

Ҳамчунин ба ақидаи иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ба афзоиш мусоидат мекунанд.

“Лекин агар ҳукумат барои фаъолсозии рушди бахши хусусӣ ва пурра барқарор кардани устувории молиявӣ ислоҳоти зарурӣ нагузаронад, хавфҳои поинравӣ низ вуҷуд доранд”, – қайд мекунанд онҳо.

Дар гузориш зикр мегардад, ки афзоиши фишор бо сабаби хароҷоти иловагии давлатӣ дурнамои молиявиро душвор мекунад.

«Ба замми лоиҳаҳои бузурги ҷории зербиноӣ, ки ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд, силсилаи интихобии кишвар начандон зиёд болоравии музди меҳнатро дар бахши давлатӣ, маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва уҳдадории сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои бахшида ба 30-солагии истиқлолиятро дар соли 2021 пешбинӣ мекунад”, – тахмин мезананд муаллифони гузориш.

Соли 2018 суръати афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,3%-ро ташкил дод. Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳукумат афзоиши онро дар сатҳи 7,2% ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.