Раиси вилояти Суғд: Нархи маҳсулот дар остонаи Соли нав то 30% арзон карда шавад

Date:

Бо мақсади огоҳӣ аз нархгузории маҳсулоти ниёзи аввал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз, 3-юми декабр аз бозори марказии “Панҷшанбе” боздид карданд. 

Раиси вилоят ба масъулин гуфтааст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархи маҳсулот танзим гардида, бояд 20-30 дарсад арзон карда шавад.

Ӯ дастур додааст, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзию чорводорӣ ба арзиши он таъсир гузоранд, то ин ки дастраси мардум бошад. 

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Аҳмадзода аз растаи нонфурӯшон, биринҷфурӯшон, мевафурӯшон ва маҳсулоти донагӣ боздид карда, ба масъулин супориш дод, ки барои афзудани маҳсулоти бозоргир тадбирҳо андешанд. Таъкид гардид, ки ҳама намуди маҳсулоти ниёзи аввал дар вилояти Суғд истеҳсол шуда, барои фаровонии бозор ва поин бурдани нархҳои сунъӣ имкон вуҷуд дорад. Вай зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори “Панҷшанбе” даъват ба амал овард, ки барои афзудани маҳсулот ва фаровардани нарх саъй намоянд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Раиси вилоят ҳамчунин аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии назди бозор шинос гардид. Он бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дорои беш аз 70 нуқтаи савдо хоҳад буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин гузаргоҳи зеризаминӣ дарозтарин дар қаламрави Тоҷикистон буда, бо мӯриҳои ҳавокаш ва хатҳои коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз шудааст. Интизор меравад, ки бунёди иншоот то моҳи марти соли 2020 ба анҷом мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...