Раиси вилояти Суғд: Нархи маҳсулот дар остонаи Соли нав то 30% арзон карда шавад

Бо мақсади огоҳӣ аз нархгузории маҳсулоти ниёзи аввал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз, 3-юми декабр аз бозори марказии “Панҷшанбе” боздид карданд.  Раиси вилоят ба масъулин гуфтааст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархи маҳсулот танзим гардида, бояд 20-30 дарсад арзон карда шавад. Ӯ дастур додааст, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши […]

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Бо мақсади огоҳӣ аз нархгузории маҳсулоти ниёзи аввал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз, 3-юми декабр аз бозори марказии “Панҷшанбе” боздид карданд. 

Раиси вилоят ба масъулин гуфтааст, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ нархи маҳсулот танзим гардида, бояд 20-30 дарсад арзон карда шавад.

Ӯ дастур додааст, ки бо ташкили дӯконҳои фурӯши гӯшт аз ҷониби Ҷамъияти иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва дигар сохторҳои дахлдори вилоят, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзию чорводорӣ ба арзиши он таъсир гузоранд, то ин ки дастраси мардум бошад. 

Аҳмадзода аз растаи нонфурӯшон, биринҷфурӯшон, мевафурӯшон ва маҳсулоти донагӣ боздид карда, ба масъулин супориш дод, ки барои афзудани маҳсулоти бозоргир тадбирҳо андешанд. Таъкид гардид, ки ҳама намуди маҳсулоти ниёзи аввал дар вилояти Суғд истеҳсол шуда, барои фаровонии бозор ва поин бурдани нархҳои сунъӣ имкон вуҷуд дорад. Вай зимни суҳбат бо фурӯшандагони бозори “Панҷшанбе” даъват ба амал овард, ки барои афзудани маҳсулот ва фаровардани нарх саъй намоянд.

Раиси вилоят ҳамчунин аз раванди бунёди гузаргоҳи зеризаминии назди бозор шинос гардид. Он бо паҳноии 18 метру дарозии 260 метр бунёд шуда, дорои беш аз 70 нуқтаи савдо хоҳад буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ин гузаргоҳи зеризаминӣ дарозтарин дар қаламрави Тоҷикистон буда, бо мӯриҳои ҳавокаш ва хатҳои коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз шудааст. Интизор меравад, ки бунёди иншоот то моҳи марти соли 2020 ба анҷом мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.