Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни мақомоти милитсияи Душанбе ва Тошканд

Нахустин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошканд рӯзи 29-уми ноябр имзо шудааст. Маросими имзои тафоҳумнома дар ҷараёни аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Ин санадро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ва муовини […]

Нахустин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошканд рӯзи 29-уми ноябр имзо шудааст.

Маросими имзои тафоҳумнома дар ҷараёни аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Ин санадро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ва муовини ВКД-и Ӯзбекистон, ҳамзамон сардори Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошканд генерал-майор Рустам Ҷӯраев имзо карданд.

Дар ҷаласаи мазкур Шариф Назарзода суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мақомоти милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзо, инчунин раванди ислоҳоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷалб кард.

Ба гуфтаи ӯ, роҳандозии якчанд амалиёту чорабиниҳои профилактикӣ ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон оварда расонид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.